Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барак Обама роҳии Ховари Миёна мешавад


Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама имрӯз силсиласафари нахустинаш ба Ховари Миёнаро оғоз мекунад. Обама ибтидо аз Арабистони Саудӣ дидан ва бо султони Саудӣ малик Абдуллоҳ мулоқот мекунад. Барак Обама сипас ба Миср раҳсипор шуда, рӯзи панҷшанбе бо раиси он ҷумҳурӣ Ҳуснӣ Муборак дидор хоҳад дошт. Қарор аст, Обама дар Қоҳира бо як паёми вижа ба мусалмонони ҷаҳон муроҷиат кунад.
XS
SM
MD
LG