Пайвандҳои дастрасӣ

Эрониҳо ба ҷашни истиқлоли Амрико даъват мешаванд


Маъмурияти раисиҷумҳури Амрико Барак Обама ба сафоратхонаҳои ин кишвар дар саросари ҷаҳон дастур додааст, ки мақомоти Эронро ба шабнишиниҳои бахшида ба Рӯзи истиқлолияти Амрико, ки рӯзи 4 июл таҷлил мешавад, даъват кунанд. Бино ба хабарҳо, вазорати умури хориҷии Амрико дар поёни ҳафтаи гузашта ба тамоми сафоратхонаҳову консулхонаҳои ин кишвар бо ин мазмун барқия фиристодааст, ки онҳо метавонанд ҳамтоёни эронии худро низ ба ҷашни истиқлолияти Амрико даъват кунанд. Сухангӯи вазорати хориҷа Роберт Вуд ин иқдомро дуруст ҷавобгӯи хатти машши ҷадиди Вошингтон дар қиболи Эрон номид.
XS
SM
MD
LG