Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Саркозӣ имрӯз бо Муттакӣ мулоқот мекунад


Раисиҷумҳури Фаронса Никола Саркозӣ имрӯз дар Порис бо вазири хориҷаи Эрон Манучеҳри Муттакӣ мулоқот мекунад. Ин мулоқот бахше аз талошҳо ҷиҳати азсаргирии музокироти байналмилалӣ пиромуни барномаҳои баҳсбарангези ҳастаии Эрон аст. Дафтари Саркозӣ мулоқоти ӯ бо Муттакиро як имкони ҷадиди баҳси музокироте номид, ки 6 қудрати умдаи ҳастаӣ мехоҳанд бо Эрон аз сар бигиранд. 5 узви доимии Шӯрои Амнияти СММ бо иловаи Олмон аз Эрон мехоҳанд, ки фаъолиятҳои ғанисозии ураниумашро қатъ кунад. Кишварҳои Ғарб бар ин боваранд, ки Эрон мехоҳад силоҳҳои ҳастаӣ бисозад. Эронро аммо инро радд мекунад.
XS
SM
MD
LG