Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СММ барои Тоҷикистон дархости кӯмак кард


Идораи ҳамоҳангсози кӯмакҳои башарии СММ ба хотири кӯмак дар амри рафъи авоқиби офатҳои табиии баҳори имсол аз кишварҳо ва созмонҳои кӯмакрасон барои Тоҷикистон 1 миллиону 300 ҳазор доллар дархост кардааст. Ба ҳисоби СММ, аз селу боришоту ярч сокинони 40 ноҳия аз 58 ноҳияи Тоҷикистон осеб дидаанд. Мишел Монтас, сухангӯи СММ, гуфт, 12 000 нафари осебдида аз ин офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон ҳамчунон мӯҳтоҷи кӯмак боқӣ мемонанд. Ӯ таъмини оби ошомиданиро сахттарин мушкил барои 3 000 нафаре номид, ки дар урдугоҳҳои муваққат дар хаймаҳо ба сар мебаранд.
XS
SM
MD
LG