Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даргирӣ дар минтақаи марзии Панҷи поён


Субҳи сешанбе дар ҷараёни як задухӯрд байни нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон ва қочоқбарони афғон дар минтақаи марзии Панҷи поён як қочоқбари маводи мухаддир кушта ва як марзбони тоҷик захмӣ шудаанд. Хушнуд Раҳматуллоев, сухангӯи бахши марзбонии Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон, гуфтааст, як гурӯҳи панҷнафарии қочоқбарон талош дошт, аз марз убур кунад, вале ба оташи марзбонон рӯбарӯ шуд. Ба гуфтаи оқои Раҳматуллоев, аз маҳалли задухӯрд 10 кило афюн ва як автомати Калашников кашф ва мусодира шудааст. Тоҷикистон як масири умдаи қочоқи маводи мухаддири афғонӣ ба шумор меравад. Дар соли 2008 дар қаламрави Тоҷикистон 6 тоннаву 81 кило маводи мухаддир кашф ва мусодира кардаанд, ки назар ба як соли қабл 15,4 дарсад бештар будааст.
XS
SM
MD
LG