Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таркиши хунин дар наздикии пойгоҳи Багром


Бар асари таркиш дар наздикии пойгоҳи асосии нирӯҳои Амрико 6 раҳгузар, бо шумули 2 зан ва 2 кӯдак, кушта шуданд. Земарай Башарӣ, сухангӯи вазорати умури дохилии Афғонистон, гуфт, ҳанӯз маълум нест, ки дар Сайёд, минтақаи наздик ба пойгоҳи ҳавоии Багром, дар 60-километрии шимоли Кобул, бомби рӯироҳ таркида ва ё ин ҳамлаи маргталабона будааст. Қурбониёни таркиш мусофирони мошине будаанд, ки аз роҳ мегузашт.
XS
SM
MD
LG