Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як фармондеҳи Толибон дар Ҳилманд кушта шуд


Вазорати дифоъи Бритониё мегӯяд, нирӯҳояш дар ҷануби Афғонистон як фармондеҳи Толибонро кушта, ба ҷангиён зарбаи сахт задаанд. Мулло Мансур дар натиҷаи ҳамлаи чархболҳои Бритониё дар вилояти Ҳилманд кушта шудааст. Довуд Аҳмадӣ, сухангӯи волии Ҳилманд, гуфт, Мулло Мансур дар ҳукумати дар соли 2001 суқуткардаи Толибон мақоми вазири ҳавопаймоиро дошт. Сухангӯи вазорати дифоъи Бритониё Ник Ричардсон Мулло Мансурро масъули ҳамлаҳое хонд, ки ба гуфтаи ӯ, “шояд мунҷар ба ҳалокат ва захмӣ шудани садҳо нафар шуда бошад.”
XS
SM
MD
LG