Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати як нафар бар асари ҳамлаи нав дар Зоҳидон


Мақомоти Эрон мегӯянд, бар асари тирандозие, ки зоҳиран як автобусро дар ҷанубу шарқи Эрон ба ҳадаф дошт, як нафар кушта ва дуи дигар захмӣ шудаанд. ИРНО, хабаргузории расмии Эрон, аз қавли пулис навишт, ин ҳамлаи мусаллаҳона рӯзи сешанбе дар ҷодае дар ғарби шаҳри Зоҳидон, маркази устони умдатан суннинишини Систону Балуҷистон, рух додааст. Ин минтақа дар пешорӯи интихоботи ҷадиди раёсатҷумҳурии Эрон, ки рӯзи 12 июн барпо мешавад, ба авҷи нави хушунатҳо рӯбарӯ шудааст. Ҷундуллоҳ, як гурӯҳи чирикии сунниҳо, масъулияти бомбгузории ҳафтаи гузашта дар масҷиди шиъаҳои Зоҳидонро, ки 25 кушта ба ҷо гузошта буд, бар ӯҳда гирифт. Хушунатҳои ба дунболи ин бомбгузорӣ сарзада дар Зоҳидон мунҷар ба ҳалокати дасти кам 6 тани дигар шуд ва мақомот, бино ба хабарҳо, то 30 нафарро дар иртикоби ин хушунатҳо боздошт кардаанд.
XS
SM
MD
LG