Пайвандҳои дастрасӣ

Изи ҳавопаймои гумшударо дар уқёнус ёфтаанд


Ҳавопаймоҳои низомии Бразилия аломатҳои ҳавопаймои гумшудаи ширкати “Эйр Франс”-ро дар уқёнуси Атлантик пайдо ва таъйид карданд, ки ин ҳавопаймои ҳомили 228 сарнишин суқут кардааст. Вазири дифоъи Бразилия Нелсон Ҷобим гуфт, шавоҳиди бадастомада ҳокист, ки ҳавопаймо чандсад километр дуртар аз архипелаги Фернандо де Норона ба умқи уқёнус рафтааст. Бовар меравад, ки ҳамаи сарнишинони ҳавопаймои “Эйрбас”, ки дар масири Рио –де-Жанейро – Порис парвоз мекард ва шоми 1 июн ғайб зад, кушта шудаанд. Аммо то ҳол ҷасади ҳеҷ кадоме аз сарнишинони ҳавопаймо, ки атбоъи 32 кишвар будаанд, кашф ва берун кашида нашудааст. Иллати суқути ҳавопаймо низ то ҳол рӯшан нашудааст.
XS
SM
MD
LG