Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чин дастрасӣ ба Интернетро маҳдуд кардааст


Мақомоти Чин дар арафаи солгарди 20-уми рӯйдодҳои хунини майдони Тянанмен ба хотири ҷилавгирӣ аз баҳси ин рӯйдодҳо дар шабакаи ҷаҳонии Интернет дастрасӣ ба Твиттер ва дигар сомонаҳои иҷтимоии интернетиро масдуд кардааст. Созмони “Хабарнигорони бидуни марз” бо изҳори таассуф гуфт, ки Чин дастрасӣ ба дастикам 12 сомонаи интернетӣ, аз ҷумла Твиттер, Ютюб, Вордпресс ва Ҳотмейлро масдуд кардааст. Рӯзи 4 июни соли 1989 баъди чанд ҳафтаи тазоҳуроти эътирозӣ тонкҳои артиши Чин ба майдони Тянанмен дар маркази Пекин рехта, эътирозҳоро саркӯб карданд. Дар рӯйдодҳои хунини Тянанмен садҳо ва бино ба бархе манобеъ, ҳазорон нафар кушта шуданд.
XS
SM
MD
LG