Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Писари президент ба ҷойи падар


Нашрияҳои Сеул бо такя ба аъзои кумитаи истихборотии парлумони Кореяи Ҷанубӣ аз тасмими интиқоли қудрат аз падар ба писар дар Кореяи Шимолӣ хабар додаанд. Ва аммо хадамоти кашфи Кореяи Ҷанубӣ аз таъйид ва ё такзиби ин иттилоъ худдорӣ кард.

Нашрияи “Донг-а либо” навиштааст, сокинони Кореяи Шимолӣ ҳоло таронаеро дар васфи Ким Чен Ун азёд мекунанд, ки дар он писари сарвари кишвар чун “Ким фармондеҳи нав” ном бурда шудааст. Ҳамчунин ба мансабдорони олирутба амр шудааст, ки зарурати интиқоли қудрат аз падар ба писарро ташреҳ кунанд.

Дар ҳамин ҳол нашрияи “Ҳанкук Либо” хабар додааст, ки Ҳизби ҳукмрони коргарии Кореяи Шимолӣ, Раёсати Маҷлиси олии миллӣ ва кобинаи вазирон дар бораи таъиноти нав дар ҷараён гузошта шудаанд. Хабаргузории Ассошиэйтед Пресс бо ишора ба Парк Ҷӣ-вон, вакили мухолиф дар кумитаи истихборотии парлумони Кореяи Ҷанубӣ иттилоъ додааст, ки режим ваъдаи садоқат ба Ким Чен Унро кардааст.

Патрик Коеллнер, кафили раиси Пажӯҳишгоҳи таҳқиқоти Осиё воқеъ дар шаҳри Ҳамбурги Олмон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки интиқоли эҳтимолии қудрат аз падар ба писар дар Кореяи Шимолӣ шояд бо вазъи саломатии сарвари феълии кишвар бастагӣ дорад. Ӯ мегӯяд, ки “ҳадсу тахмини зиёде дар робита ба интиқоли қудрат дар чаҳорчӯби хонаводаи ҳукмрон мавҷуд буд. Ин ҳадсзаниҳо моҳҳои ахир дар робита ба вазъи сиҳатии раҳбари Кореяи Шимолӣ Ким Чен Ир зуҳур кардаанд. Ӯ тақрибан моҳи августи гузашта ба сакта мувоҷеҳ шуд ва ҳамчунин ҳадс зада мешавад, ки маризии қанд дорад. Ҳамин тариқ, вазъи сиҳати ӯ воқеъан ҳам бад мешавад”.

Раҳбари Кореяи Шимолӣ се писар дорад ва дар бораи фарзанди хурдияш Ким Чен Ун иттилоъи зиёде мавҷуд нест. Гуфта мешавад, ки ӯ тақрибан 30 сола аст ва дар як мактаби бонуфузи Швейсария таҳсил карда, забонҳои инглисӣ, олмонӣ ва фаронсавиро омӯхтааст ва дар сохтори ҳукумати Кореяи Шимолӣ мақоми калидӣ надорад.

Патрик Коеллнер мегӯяд, ки дар бораи ду бародари дигари Ким Чен Ун иттилоъ аз ин ҳам камтар аст ва фақат маълум аст, ки онҳо солҳои ахир мавриди эътимоди падар нестанд ва аз нигоҳи ӯ, лаёқати раҳбари Кореяи Шимолиро надоранд.

Дар ҳамин ҳол Янг Му Ҷин, муҳаққиқи масоили Кореяи Шимолӣ дар Донишгоҳи Кюгнами Сеул мегӯяд, ки писари хурдӣ - Ким Чен Ун воқеъан ҳам маҳорату тавонмандии раҳбариро дорад. Ва аммо, аз нигоҳи пажуҳишгар, дар ҷомеъае, ки эҳтироми бузургсолон роиҷ аст, синни ҷавон шояд барои ӯ мушкил эҷод кунад. “Дар бораи хислат ва лаёқати Ким Чен Ун ақидаҳои гуногун мавҷуд аст. Бархе мегӯянд, ки ӯ наттоқи хуб аст ва тавонмандии раҳбарӣ ва вижагиҳои як пешворо дорад. Бархеи дигар аз ҷумла мегӯянд, ки чун писари хурдист, аз ин рӯ содда ва ҳамзамон боэътимод аст”.

Сару садоҳо дар бораи имкони интиқоли қудрат аз падар ба писар дар Кореяи Шимолӣ дар ҳоле пахш мешаванд, ки баъд аз озмоиши ахири зеризаминии ҳастаии як ҳафтаи пеш ва ҳамчунин озмоиши чанд мушаки доираи амалашон наздик Пхенян мавриди интиқоди шадиди ҷомеъаи ҷаҳонӣ қарор гирифтааст. Ва дар чунин вазъ иттилоъ мерасад, ки Кореяи Шимолӣ ба озмоиши мушаки дурпарвоз омодагӣ мегирад. Бархе аз коршиносон ҳадс мезананд, ки ҳадафи ин озмоишҳо - ҳарчӣ бештар муттаҳид сохтани ҷомеъаи Кореяи Шимолӣ ва таъмини пуштибонӣ аз тасмим дар бораи интиқоли қудрат аз падар ба писар аст.

Раҳбари пешини Кореяи Шимолӣ Ким Ир Сен, ки “Раҳбари бузург” ном бурда мешуд, соли 1974 писараш Ким Чен Ирро ҷойгузини худ эълон карда буд. Ва аммо Ким Чен Ир фақат баъд аз 20 сол, баъди дар синни 82-солагӣ аз дунё даргузаштани падараш соҳиби қудрат шуд. Ӯ Дабири Кулли Ҳизби коргарӣ ва раиси Комиссиюни мудофиат миллӣ интихоб гардид ва аммо аз унвони “президентӣ” сарпечӣ кард, зеро падари ӯ Ким Ир Сенро дар Кореяи Шимолӣ то имрӯз “Президенти абадӣ” ном мебаранд.
XS
SM
MD
LG