Пайвандҳои дастрасӣ

Оғози кори омбудсмани Тоҷикистон


Мусоидат ба аҳзоби сиёсӣ ҷиҳати огоҳ шудан аз ҳуқуқҳои сиёсӣ дар маъракаҳои интихоботӣ, баррасии ҳуқуқҳои маҳбусон, боло бурдани дониши ҳуқуқии муҳоҷирони корӣ, аз масъалаҳои авалиндараҷае хоҳад буд, ки омбудсмен ё Нозири ҳуқуқи инсони Тоҷикистон ба он машғул хоҳад шуд.

Зариф Ализода пас аз таинаш дар ҳафтаи гузашта аз ҷониби раисиҷумҳури Тоҷикистон бо унвони нахустин намояндаи ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ё омбудсмен барои авалин бор нишасти хабарӣ доир кард ва гуфт феълан дар ин ниҳод танҳо худи ӯ машғул ба кор аст.

Вай афзуд дар наздиктарин фурсат бист нафари дигарро аз тариқи озмун ба омбудсмен ҷалб хоҳанд кард. Оқои Ализода афзуд, дар ҳоли ҳозир вазъи омбудсмен дар кишварҳои дигарро мавриди омузиш қарор додааст.

Тоҷикистон дар остонаи интихоботи порлумонии соли 2010 қарор дорад ва омбудсменяке аз вазифаҳои худро дар огаҳ намудани мардум бо фарҳанги раъйдиҳӣ медонад. Оқои Ализода ҳамчунин гуфт, ба ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон кӯмак хоҳанд кард, ки ҳангоми интихобот аз ҳуқуқҳои худ огоҳ бошанд ва дар минтақаҳои раъйдиҳӣ аз ҳуқуҳои ҷонибдоронашон тавонанд дифоъ кунанд.

Оқои Алиев ҳамчунин гуфт, афроди ниёзманд қабл аз он ки ба омбудсмен муроҷиат кунад, бояд чанд марҳиларо дар ниҳодҳои дигар паси сар кунад.

Зариф Ализода таъкид кард, ки омбудсмени Русия дорои 200 ҳуқуқшинос мебошад, ки ба масоили мавҷуди ин кишвар расидагӣ мекунад. Вале дар Тоҷикистон имкони ҷалби ҳамагӣ 20 ҳуқушинос барои фаолият дар омбудсмени Тоҷикистон имкон дорад. Зеро буҷа имкон намедиҳад, ки ҳуқуқшиносони бештар ҷалб карда шаванд.
XS
SM
MD
LG