Пайвандҳои дастрасӣ

Оғози мусобиқоти қаҳрамонии Осиё дар Тошканд


Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё дар риштаи гуштии самбо, ки 2-юми июн дар шаҳри Тошканд оғоз шуд, ширкат дорад.

Ба иттилоъи Маҳмуди Абдуллоҳ, дабири кулли Федеросиюни гуштии самбои Тоҷикистон, дар сабқати қитъавӣ байни наврасону ҷавонон ва бузургсолон беш аз 500 варзишгари 25 кишвари қора иштирок мекунанд.

Ба ҳайати дастаҳои мунтахаби мардонаю занонаи Тоҷикистон беш аз 30 нафар шомиланд, ки байни онҳо паҳлавонони маъруфи кишвар, монанди Набимуҳаммад Хоркашев, Акмолиддин Каримов, Айниддин Қурбонов ва дигарон ҳастанд.

Мусобиқоти мазкур то 6-уми июн идома хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG