Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

15 медали варзишгарони тоҷик дар Тошканд


Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи кушодаи Узбакистон дар риштаи таеквон-до ВТФ дар шаҳри Тошканд 15 медал ба даст оварданд.

Ҷаҳонзеб Қармишев, дабири кулли Федеросиюни таеквон-до ВТФ-и Тоҷикистон, ба радиои Озодӣ гуфт: «Дар ин мусобиқа варзишгарони се кишвари Осиёи Марказӣ - Узбакистон, Тоҷикистон ва Қазоқистон ширкат карданд. Ба ҳайати дастаи мо 30 нафар дохил буданд. Варзишгарони тоҷик 7 медали тилло, 5 нуқра ва 3 биринҷӣ гирифтанд».

Аъзои дастаи мунтахаби Тоҷикистон Насҳиддин Ворисов, Хусрав Ғиёсов, Алишер Гулов, Суннатуллоҳ Шеров, Дилшод Зайдуллоев, Сергей Ли ва Шукрона Шарифова дар рақобатҳои инфиродӣ дар вазни худ ҷойҳои аввалро касб карда, бо медалҳои тилло мукофотонида шуданд. Таҳмина Хоҷаева, Адолат Сафарова, Гулчеҳра Раҳимова, Хусрав Ғиёсов ва Сафарбек Тошматов бо медалҳои нуқра сарфароз гаштанд. Се нафари дигар - Илҳом Неъматуллоев, Неъмат Маҳмадҷонов ва Диловар Зайниддинов - соҳиби медалҳои биринҷии ин мусобиқа шуданд.

Дар ҳисоби умумидастаӣ Тоҷикистон пас аз тими мизбон – Узбакистон дар ҷои дуввум қарор гирифт.
XS
SM
MD
LG