Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Зодрӯзи Мавлоно дар Тоҷикистон таҷлил мешавад


Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бораи таҷлили зодрӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ амр содир кард. Ба иттилоъи дафтари матбуоти раисиҷумҳур, дар ин санад омадааст, ки ба хотири поси саҳми бузурги Мавлоно дар рушди адабиёти тоҷик ва ҷаҳон ҳамасола 30 сентябр зодрӯзи ӯ таҷлил шавад.
Ёдовар мешавем, моҳи гузашта дар ҷараёни сафари раисиҷумҳури Туркия Абдулло Гул ба Тоҷикистон мувофиқа ҳосил шуда буд, ки аз ин баъд ҳар сол 30 сентбря дар Тоҷикистон зодрӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ва 17 декабр дар Туркия чун Рӯзи шеъри Мавлоно таҷлил шавад. Мавлоно дар шаҳри Қунияи Туркия макони охират пайдо кардааст ва ҳамарӯза оромгоҳи ӯро ҳазорҳо нафар зиёрат мекунанд.
XS
SM
MD
LG