Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷустуҷӯи ҳавопаймои ғайбзада идома дорад


Ҳавопаймоҳои Фаронса, Бразил ва дигар кишварҳо ҷустуҷӯи ҳавопаймои ғайбзадаи ширкати Air France бо 228 мусофиру сарнишинро идома медиҳанд. Қаблан, раисиҷумҳури Фаронса Николя Саркозӣ изҳор карда буд, ки шонсҳои зинда пайдо кардани мусофирон “ночиз аст”. Сабабҳои ғайб задани ҳавопаймо, ки аз шаҳри Рио-де-Жанейро ба Порис парвоз мекард, ҳанӯз маълум нест ва аммо ҳадс зада мешавад, ки он бар асари зарбаи барқ суқут кардааст. Мусофирони ҳавопаймо шаҳрвандони 32 кишвар буданд.
XS
SM
MD
LG