Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ким Чен Ун ҷойгузини Ким Чен Ир?


Ким Чен Ир, сарвари Кореяи Шимолӣ, писари хурдияш Ким Чен Унро ҷойгузини худ дар мақоми олии кишвар эълон кард. Гуфта мешавад, ки синни Ким Чен Ун ҳанӯз пойинтар аз 30 мебошад. Иттилоъ дар бораи ҷойгузини раҳбари Кореяи Шимолӣ аз сӯи як вакили парлумон ва ду нашрияи Кореяи ҷанубӣ пахш шуд ва аммо хадамоти кашфи кишвар аз тайиди он худдорӣ варзид. Тибқи хабарҳо, Пхенян ба сафоратҳои кишвар дастур додааст, ки ба Ким Чен Ун содиқ бошанд.
Мавзӯъи ҷойгузини раҳбари Кореяи Шимолӣ дар матбуот баъди он пайдо шуд, ки бархе нашрияҳо дар бораи маризии шадиди Ким Чен Ир хабар доданд.
XS
SM
MD
LG