Пайвандҳои дастрасӣ

Раҳоии сарвари гурӯҳи гумонбари ҳамла ба Мумбай


Бо қарори додгоҳи шаҳри Лоҳури Покистон раҳбари як гурӯҳи ифротгаро, ки масъули ҳамла ба шаҳри Мумбайи Ҳиндустон арзёбӣ мешавад, маҳбасро тарк мегӯяд. Вакили дифоъи гурӯҳи “Ҷамоат-Ал-Даво” изҳор намуд, ки додгоҳ боздошти Ҳафиз Муҳаммад Сайидро “бепояву асос” хондааст. Ва аммо ин иттилоъ ҳанӯз аз сӯи манобеъи мустақил тайид нашудааст.
Ҳафиз Муҳаммад Сайид соли гузашта баъди он боздошт шуда буд, ки мақомоти Ҳиндустон дар ҳамла ба шаҳри Мумбай гурӯҳҳои ифротгарои мустақар дар Покистонро айбдор намуданд. Ба иттилоъи расмӣ, бар асари ҳамла ба ду меҳмонсарои бузург, истгоҳи роҳи оҳан, Маркази яҳудиён ва тарабхонаву бемористони Мумбай 166 нафар ба ҳалокат расиданд. Даргирӣ бо ҳамлагарон дар ин шаҳр тақрибан 60 соат идома дошт. 9 тан аз ҳамлагарон кушта шуда ва як нафари онҳо – Аҷмал Қассоб боздошт гардид. Бозрасии парвандаи Аҷмал Қассоб идома дорад.
XS
SM
MD
LG