Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама: "Амрико арзишҳояшро таҳмил намекунад"


Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама гуфт, Иёлоти Муттаҳида наметавонад арзишҳояшро болои кишварҳои дигаре, ки таърихи мухталиф ва фарҳанги низ гуногун доранд, “таҳмил” кунад. Обама дар мусоҳибааш бо Би Би Си аммо афзуд, ормонҳои амрикоие, чун ҳукми қонун, демократия ва озодии баён ва мазҳаб арзишҳои умумиянд, ки тамоми мардум метавонанд ин арзишҳоро бипазиранд. Барак Обама гуфт, беҳтарин коре ки Амрико метавонад бикунад, намунаи ибрат нишон додан аст, аз ҷумла бо бастани боздоштгоҳи Гуантанамо, ки Обама мехоҳад то поёни сол онро бубандад. Ин ҳарфҳои Обама дар ҳоле нашр мешаванд, ки қарор аст, ӯ дар ин ҳафта аз Арабистони Саудиву аз Миср дидан кунад. Интизор меравад, Барак Обама дар ҷараёни ин сафар бо як паёми вижае ба ҷаҳони Ислом муроҷиат кунад.
XS
SM
MD
LG