Пайвандҳои дастрасӣ

Мусофирони ҳавопаймои гумшуда аз 32 кишвар будаанд


Ширкати “Эйр Франс” мегӯяд, дар байни 216 мусофир ва 12 сарнишини ҳавопаймои рӯзи 1 июн дар уқёнуси Атлантик гумшудаи ин ширкат атбоъи 32 кишвар будаанд. Ҳавопаймои ғайбзада аз шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия ба самти Порис, пойтахти Фаронса парвоз мекард. Фаронсаву Бразилия ба хотири пайдо кардани изи ҳавопаймо ба он минтақа ҳавопаймоҳои низомӣ фиристодаанд. Иллати ғайб задани ҳавопаймо ҳанӯз рӯшан нест, вале тахмин мезананд, ки он шояд бар асари офоти табиӣ ва фаннӣ дар уқёнус суқут кардааст. Раисиҷумҳури Фаронса Никола Саркозӣ умеди зинда пайдо кардани сарнишинони ҳавопаймои гумшударо ночиз хонд.
XS
SM
MD
LG