Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эҳтимоли аз Миср ихроҷ шудани 4 донишҷӯи тоҷик


Мақомоти Миср тасмим гирифтаанд, 4 донишҷӯи тоҷикро, ки дар донишгоҳҳои исломии Қоҳира таҳсил мекарданд, бо ҷурми нақзи шароити иқомат аз қаламрави он кишвар ихроҷ кунанд. Дар ин бора ба хабаргузориҳо намояндаи вазорати умури хориҷии Тоҷикистон бо такя ба маълумоти сафорати Душанбе дар Миср хабар додааст. Шаби 26 ба 27 май дар ҷараёни амалиёти вижаи пулиси Миср дар донишгоҳи Ал-Азҳари Қоҳира ҳудуди 180 донишҷӯи хориҷӣ, аз ҷумла шаҳрвандони Тоҷикистон боздошт шуданд.
XS
SM
MD
LG