Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҷустуҷӯи ҳавопаймои бо дастикам 228 сарнишинаш гумшудаи ширкати "Эйр Франс" идома дорад.

Бовар меравад, ки ҳавопаймои мусофирбари Airbus А 330, ки рӯзи 1 июн бо дасти кам 228 сарнишин аз шаҳри Рио –де –Жанейрои Бразилия ба Порис, пойтахти Фаронса, парвоз мекард, дар фазои уқёнуси Атлантик суқут кардааст. Эҳтимол меравад, раъдубарқ ба ин ҳавопаймо асобат карда ва боиси суқути он дар фазои уқёнус шудааст. Аммо иллати аслии суқути Эйрбас ҳанӯз норӯшан боқӣ мемонад

Пиер –Анрӣ Жорже, мудиромили ширкати “Эйр Франс”, ки ҳавопаймои ғайбзада ба он тааллуқ дошт, шоми дирӯз дар Порис
Охирин тамоси мо бо ҳавопаймо соати севуним ба вақти Порис тавассути хадамоти назорати парвозҳои Бразилия сурат гирифт.
гуфт, ҳавопаймо дар пайи ҳамлаи тӯфон ба мушкилоти фаннӣ дучор шудааст: “Охирин тамоси мо бо ҳавопаймо соати севуним ба вақти Порис тавассути хадамоти назорати парвозҳои Бразилия сурат гирифт. Каме баъдтар, наздикиҳои соати 4 ба вақти Порис, ҳавопаймо вориди минтақаи тӯфон ва талотум, ё худ турбуленси шадид шуд. Баъди 15 дақиқа, соатҳои тақрибан чору 15 ба вақти Порис, аз ҳавопаймо як силсила паёмҳои худкор берун омад, ки аломати аз кор мондани баъзе бахшҳои ҳавопаймо буд.”

Нирӯҳои ҳавоии Бразилия мегӯянд, ҳавопаймо вақте аз экрани радарҳо ғайб зад, ки аз соҳил ба қадри кофӣ дур рафта буд. Нирӯҳои ҳавоии Бразилияву Фаронса ба хотири пайдо кардани аломате аз ҳавопаймои ғайбзада ба маҳалли сониҳа ҳавопаймоҳои худро фиристодаанд.

Мақомоти Фаронса мегӯянд, аз дасти кам 228 мусофири ҳавопаймои ғайбзада 61 нафараш шаҳрванди Фаронса, 58 танаш - атбоъи Бразилия, 26 нафар аз Олмон, ва нӯҳнафарӣ аз Чину Итолиё буда, дар ин ҳавопаймо дар маҷмӯъ атбоъи 32 кишвар аз Рио-де-Жанейро ба Порис парвоз мекарданд. Раисиҷумҳури Фаронса Никола Саркозӣ, ки ба хотири изҳори таслият ба пайвандони сарнишинони ҳавопаймои ғайбзадаи Эйрбас шахсан ба фурудгоҳи Шарл де Голли Порис ташриф овард, гуфтааст, умеди зинда пайдо кардани аҳли ҳавопаймо хеле ночиз аст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG