Пайвандҳои дастрасӣ

Талаби аҷиби "Газпром" аз Туркманистон


Як мақоми ширкати “Газпром” гуфт, ин ширкат аз Туркманистон хостааст, то қарордодҳо дар мавриди содироти газашро бознигарӣ кунад. Русия розӣ буд, то гази Туркманистонро бо қиматҳои аврупоӣ бихарад, аммо Валерий Голубев - муовини мудири “Газпром”, гуфтааст, дигар газро бо ин қимат ба касе фурӯхта намешавад, аз ин рӯ бояд ё қимати газ, ё ҳаҷми содироти он бознигарӣ шавад. Вай гуфтааст, Туркманистон дигар интихобе надорад, зеро “то панҷ соли оянда дигар лӯлаи газе” сохта нахоҳад шуд. Туркманистон, ки қисми зиёди гази табии худро ба Газпром мефурӯшад, мойил аст, то лӯлаҳои нав барои интиқоли газаш ба Чину Аврупо бунёд шавад.
XS
SM
MD
LG