Пайвандҳои дастрасӣ

Омори риққатовар доир ба атфоли тоҷик


Бунёди Ҳимоят аз Кӯдакони Созмони Милал, мегӯяд, дар Тоҷикистон солона аз миёни 200 ҳазор кӯдаки навзод ҳудуди 11 200 нафари онҳо яксола нашуда мемиранд. Ин ниҳод гуфт, илоҷи пешгирии бисёре аз ин маргҳо вуҷуд дорад ва аз ҳукумати Тоҷикистон хост, ҳифзи ҷони кӯдаконро ба як авлавияти кори худ табдил диҳад. ЮНИСЕФ мегӯяд, ҳарчанд Тоҷикистон тайи солҳои ахир дар арсаи ҳифзу тарбияи кӯдакон пешрафти муайяне кардааст, аммо ҳанӯз ҳам дар роҳи беҳдошт, таълим ва ҳифзи кӯдакон бо мушкилоти зиёде рӯ ба рӯст. Муасссисаи мазкур, мегӯяд, тақрибан чаҳоряки духтарони тоҷик баъди синфи нӯҳум аз таҳсил даст мекашанд, ки барои ояндаи фарзандони онҳо таъсири манфӣ мегузорад. Ҳонгвей Ҳао - раҳбари дафтари ЮНИСЕФ дар шаҳри Душанбе гуфт, бӯҳрони ҷаҳонии иқтисодӣ ба мушкилоти ҳазорон хонавода бахусус мушкилоти занону кӯдакони тоҷик мушкил зам хоҳад кард ва хостори талошҳои дастаҷамъӣ барои ҳимоят ва рушди муносиби кӯдакон дар Тоҷикистон шуд. Баёнияи мазкурро ба муносибати рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон нашр кардаанд, ки рӯзи 1 июн таҷлил мешавад.
XS
SM
MD
LG