Пайвандҳои дастрасӣ

Муҳаммад, хурдтарин узви як хонаводаи ҳунарманди суғдӣ, мегӯяд, феълан 10 сол дорад ва аз модаркалонаш ҳунари сабадбофиро меомӯзад.

Муҳаммад, мегӯяд, бештари вақт ӯ барои кӯмаки бибиаш ба ҷамъоварии навдаи панҷарагули сабадӣ мебарояд: «Навдаша мебиёрам, онҳоро бо ҳам тарошида, хушк мекунем. Баъд онро бофта ба бозор мебарем».

Хонум Шаҳодат, модаркалони Муҳаммад, 48 сол дорад. Ӯ мегӯяд, дар оила ҳамроҳи фарзандон ва набераҳояш ба сар мебарад ва шукри онро дорад, ки бо чунин ҳунари меросӣ зиндагии худу фарзандонашро пеш мебаранд. Ӯ мегӯяд, ҳунари сабадбофӣ шавқи набераҳояшро низ ба худ кашидааст ва ӯ шод аст, ки онҳо низ дар оянда бо ин ҳунари аҷдоди рӯзиашонро пайдо хоҳанд кард:

«Набераҳоям наздам омада, ман ҳам бофам, ба мо ҳам ёд диҳед гӯён шавқ мекунанд. Асосан набераи хурдӣ мегӯяд, оча, чи хел мебофед, биёед оча ба ман ёд диҳед, биёед оча ман кор кунам...»

Муҳаммад мегӯяд, меҳри сабадбофӣ аз хурдсолӣ дар дилаш ҷо намудааст. Дӯстону ҳамсояҳо ҳам барои омӯзиши ҳунари сабадбофӣ ба модаркалонаш муроҷиат мекунанд. Вай меафзояд, сабадҳои модаркалонаш якрангу яксохт набуда, балки бо дархости муштарӣ ҳар дафъа ранг ба рангу навсохт мешавад. Ба гуфтаи Муҳаммад, сабадҳо умдатан аз навдаи борики дарахтони беду сафеддор ва ҳам аз навдаи панҷарагул сохта мешаванд, ки чунин навдаи дарахтон ҷилои хоса доранд:

«Навдаро оварда меҷӯшонем, чор соат, баъд мана ин хел сабадҳои сафедаки хушрӯ мебофем. Наҷӯшонем ҳам мешаваду, аммо харидоронаш кам мешаванд».

Муҳаммад мегӯяд, сабадҳои бибии Шаҳодаташро ҳам нонвойҳову ҳам мевафурӯшҳо, ҳам деҳқонон барои хушккунии зардолу бештар мехаранд ва аз ҳамин хотир вай мутмаин аст, ки фардо, вақте бузург шуд, даромади хонаводаашро аз ҳамин ҳунар таъмин мекунад.

Дар ҳамин ҳол Мунира Қодирова, як тан аз омӯзгорони ноҳияи Исфараи вилояти Суғд, мегӯяд, адами шароити иқтисоди хонаводагӣ барои таҳсили фарзандон дар мактабҳои олӣ бисёриҳоро водор мекунад, ки ҳамон ҳунарҳои суннатии ҳамарӯза дархӯри ҷомеаро ба фарзандон таълим диҳанд. Вай гуфт, касби омӯзгорӣ солҳои зиёд аст ба хотири маоши нокофӣ доштанаш обрӯи чандон зиёд надорад. Бисёриҳо талош мекунанд, ба фарзанди худ ҳунарҳои мисли хайётиву мӯзадӯзиро таълим диҳанд, то ки дар ҳама солу замон даромади собит ва доимии фарзандашонро таъмин кунад.

Вале бо ин вуҷуд, худи кӯдакон албатта орзӯхои ширини худро доранд. Ҳамсӯҳбатони 10-12-солаи мо аз Хуҷанд гуфтанд, овозхон шудан мехоҳанду бонкдор, президент ва варзишгар. Аммо Алишер, яке аз мусохибонам, ки 11 сол дорад, мегӯяд, орзӯи додситон шуданро дорад, то дар оянда барои ниёзмандон, ба хусус бозмондагон, дасти кӯмак дароз кунад:

«Калон шавам, ман прокурор шуда ёрӣ расонидан мехоҳам. Ёрдам дода мегардам ба ҳама – ба камбағалон, ба пиронсолон...»

Алишер мегӯяд, барои аз худ кардани ихтисоси додситонӣ вай бояд дар мактаби касбӣ хонад ва барои ин маблағ лозим аст. Вай мегӯяд, хуб талош мекунад, то ки ба орзуяш бирасад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG