Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Орзуи бузурги тифли кӯча(к)


Якуми июн ҳанӯз дар соли 1925 дар Анҷумани ҷаҳонии вазъи кӯдак дар Женеваи Швейтсария ба ҳайси Рӯзи кӯдак муқаррар шуда буд.

Аммо дар Тоҷикистон ба назар мерасад, аз вуҷуди ин рӯзи расмӣ танҳо мақомоти зирабт ва расонаҳо хабар доранду халос. Ба ҳар ҳол, кӯдакони хиёбонӣ, фақиру бенаво, ки як пора нони шиками худро аз меҳнати сангини кӯча меёбанд, аз ин рӯз бехабаранд, ҳарчанд аслан вазъи ҳуқуқи онҳо боиси нигаронӣ мебошад ва бештар маҳз онҳо ниёзманди нигаҳбониву меҳрубониву раҳму шафқатанд.

Азамати 12-сола ҳам ниёз ба чунин меҳрубониву дӯстдорӣ дорад, ҳарчанд рӯзгор симояшро хеле ҷиддиву калонсолона кардааст ва зоҳиран нишон додан мехоҳад, ки ба ёрии касе ниёз надорад.

Гузориши видеоии Радиои Озодӣ аз сарнавишти сангини Азамат ҳикоя мекунад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG