Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иттилоъи нав доир ба ҳавопаймои гумшуда


Як ҳавопаймои ширкати ҳавопаймоии Фаронса бо 228 мусофираш зимни парвоз бар фазои Уқёнуси Атлантик аз радарҳо нопадид шудааст. Иртиботи ин ҳавопаймои азими Airbus A330 бо Маркази идораи парвозҳо баъди парвози он аз фурудгоҳи шаҳри Рио Де Жанейрои Бразилия қатъ шудааст. Ҳавопаймо озими фурудгоҳи Шарл Де Голли шаҳри Париж будааст. Ширкати ҳавопаймоии Фаронса гуфт, ки аз ин ҳавопаймо зимни парвоз аз минтақаи тӯфонӣ доир ба расиши ноқили барқӣ иттилоъ гирифтааст. Сухангӯи нерӯҳои ҳавоии Бразилия гуфт, ҷустуҷӯи ҳавопаймо дар назди ҷазираи Фернандо Де Норониа идома дорад.
XS
SM
MD
LG