Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷенерал Моторс худро муфлис эълом кард


Ҷенерал Моторс - ширкати азими мошинсозии Амрико, имрӯз расман худро муфлис эълом кард, ки муфлисии чунин ширкати азим дар таърихи саноати мошинсозии Иёлоти Муттаҳида то кунун мушоҳида нашудааст. Коҳиши фурӯши мошинҳо ва зиёни зиёди молии ширкат сабаби чунин иқдоми Ҷенерал Моторс шуд. Бар асоси барномаи таҷдиди сохтории Ҷенерал Моторс, ҳукумати Иёлоти Муттаҳида дар ивази 50 миллиард кӯмаки молиаш ба ин ширкат 60 дар сади саҳмияҳои онро соҳиб мешавад. Ҷенерал Моторс то кунун барои наҷоти хеш аз ҳукумати Амрико миллиардҳо доллар кӯмак гирифтааст.
XS
SM
MD
LG