Пайвандҳои дастрасӣ

Як гурӯҳ ашхоси номаълум аз баргузории анҷумани навбатии Иттиҳоди ҷунбиши мардумӣ дар соҳили дарёи Иссиқкӯл ҷилавгирӣ кардаанд.

Ба гуфтаи Азимбек Бекназаров, раиси ситоди иттиҳоди ҷунбиши мардумӣ, анҷумани онҳо мебоист дар ноҳияи Туби вилояти Иссиқкӯл масъалаҳои марбут ба интихоботи қарибулвуқуи президентиро мавриди баҳсу баррасӣ қарор медод. Вай афзуд, вале мақомоти маҳаллӣ нагузоштанд, ки ин анҷуман баргузор шавад.

Ба таъкиди Азимбек Бекназаров, иттиҳоди ҷунбиши мардумӣ расман Алмосбек Атамбоевро ба мақоми раёсати ҷумҳури кишвараш номзад пешбарӣ кардаааст ва ҷараёни омодагириҳо ба интихобот дар меҳвари анҷумани навбатии онҳо қарор дошт, ки ноком монд. Оқои Бекназаров гуфт, як гурӯҳ афроди номаълум пеши роҳи намояндагони мухолифинро гирифтанд ва нагузоштанд, ки онҳо вориди шаҳраки Туб шаванд.

Ба гуфтаи раиси ситоди Иттиҳоди ҷунбиши мардумии Қирғизистон, ҳамтоёни вай исрор варзиданд, ки ба қасди таъсиси гирдиҳамоӣ ба шаҳраки Туб наомадаанд, вале ин афрод қасди шунидани суханони онҳоро надоштанд ва пофишорӣ карданд, ки ба ақиб баргарданд. Азимбек Бекназаров гуфт, шаҳрдориӣ ва сардори идораи умури дохилаи шаҳраки Туб дар сафи пеши ин гурӯҳи тахрибкорон қарор доштанд.

Ба гуфтаи оқои Бекназаров, яке аз таъсисгарони анҷуман, ки дар вилояти Иссиқкӯл ба сар мебарад, шаби гузашта нопадид шуд ва бо ду фаъоли дигари Иттиҳоди ҷунбиши мардумӣ онҳо натавонистанд, ки робитаи телефонӣ барқарор кунанд. Раиси ситоди Иттиҳоди ҷунбиши мардумии Қирғизистон мегӯяд, ҳукумат пеш аз интихоботи президентӣ бори дигар чеҳраи ҳақиқии худро ба мардум намоиш дод. Оқои Бекназаров афзуд, ки акнун худи мардум қазоват хоҳад кард, ки ин аъмоли дастандаркорони идораҳои ҳукуматӣ ба хотири ҳимоят аз президент Боқиев равона шудааст.

Азиза Абдурасулова, раҳбари созмони ҳуқуқи башари «Қилим шамъӣ» ё «Шамъи аср», мегӯяд, ходимони милиса як гурӯҳ вакилони анҷуманро боздошт кардаанд. Вай афзуд, саъйу талоши зиёд ба харҷ дода шуд, ки ин ҷавонон аз банд раҳо шаванд. Азиза Абдурасулова мегӯяд, дар сурати ғайриқонунӣ таъсис додани анҷуман ё гирдиҳамоӣ аз тарафи аҳзоби сиёсӣ ё созмонҳои мухталиф мақомот бояд ба додгоҳ муроҷиат кунанд. Вай гуфт, зеро фақат додгоҳ ҳақ дорад, ки аз баргузории анҷуману гирдиҳамоиҳои ғайриқонунӣ ҷилавгирӣ кунад.

Султон Урманаев, депутати собиқи парлумони Қирғизистон, дар вокуниш ба ҳодисаи лағви анҷумани оппозисиюн дар соҳили дарёи Иссиқкӯл мегӯяд, ин ҳодиса далолат медиҳад, ки дар Қирғизистон ҳукумати қавии тоталитарӣ сари қудрат омадааст. Вай гуфт, ки чун даврони президенти собиқи кишвараш дар ин авохир чанд сиёсатмадор аз тарафи ашхоси номаълум рабуда шуданд. Султон Урманаев афзуд, ашхоси дигаре, ки ба сиёсати низоми Боқиев розӣ нестанд, мавриди таҳдиди кормандони умури интизомӣ қарор доранд.
XS
SM
MD
LG