Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти як гурӯҳ дар Хуҷанд


Вазорати умури дохила ва амнияти Тоҷикистон дар як амалиёти вижа дар шаҳри Хуҷанд ва атрофи он як гурӯҳи 11-нафараи Ҳизбуттаҳрирро боздошт карданд.

Ин гурӯҳ таи чанд соли ахир дар шаҳри Хуҷанд ва Чкаловск ба таблиғу ташвиқ ва интишори варақаву адабиёт ҷиҳати пиёда кардани амалҳои Ҳизбуттаҳрир машғул будааст.

Тақрибан дар як соли ахир мақомоти интизомӣ аз камранг шудани фаъолияти Ҳизби Таҳрир дар вилояту шаҳрҳои Тоҷикистон иттилоъ медоданд.

Вале ҳафтаи гузашта Додгоҳи вилояти Суғд 7 нафарро бо ҷурми ҳамкорӣ бо ҲТ ба муддатҳои гуногун аз озодӣ маҳрум кард.

Ҷузъиёти бештар дар наздиктарин фурсат нашр мешавад.
XS
SM
MD
LG