Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муфлисии ногузири Ҷенерал Моторс


Интизор меравад, Ҷенерал Моторс - ширкати азими мошинсозии Амрико, имрӯз расман худро муфлис эълом кунад, ки дар таърихи саноати Иёлоти Муттаҳида то кунун мушоҳида нашудааст. Хабаргузориҳо аз қавли як мақоми расмии ҳукумати Иёлоти Муттаҳида навиштаанд, ки бар асоси барномаи таҷдиди сохтории Ҷенерал Моторс, ҳукумати Иёлоти Муттаҳида дар ивази 50 миллиард кӯмаки молиаш ба ин ширкат 60 дар сади саҳмияҳои онро соҳиб мешавад. Ҳукумати Канада дар ивази 12 дар сади саҳмияҳои Ҷенерал Моторс ба ин ширкат 9,5 миллиард доллар қарз хоҳад дод ва 17, 5 дар сади саҳмияҳои боқимонда насиби Бунёди нафақаи кормандони ширкатҳои мошинсозии Амрико хоҳад шуд. Ҳукумати Амрико дар ивази кӯмаки молиаш ба Ҷенерал Моторс аз ин ширкат хоста буд, то якуми июн барномаи коромади таҷдиди сохтории худро пешниҳод намояд.
XS
SM
MD
LG