Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таъкиди Зарифӣ ба ҳаққи Тоҷикистон


Ҳамроҳхон Зарифӣ - вазири умури хориҷаи Тоҷикистон дигарбора таъкид кардааст, ки баҳрабардорӣ аз захираҳои об ҳаққи ҳалоли ин кишвар аст ва бар зарари кишварҳои поёноб дар Осиёи Марказӣ анҷом нахоҳад ёфт. Зимни нишасти сегонаи Иттиҳодияи Аврупо ва кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Душанбе, Ҳамроҳхон Зарифӣ гуфтааст, агар кишварҳои поёноби саршор аз нафту гази минтақа, имкони аз ин ҳисоб рушд додани иқтисодҳояшонро дошта бошанд, захираҳои гидроэнержӣ ягона сарват барои рушди иқтисодҳои миллии Тоҷикистону Қирғизистон аст. Вазири тоҷик афзудааст, ба масоили тақсими захираҳои об дар Осиёи Марказӣ ҳадафмандона ранги сиёсӣ мебахшанд, ки кори нодуруст ва бар зиёни кишварҳои минтақа аст, ки зоҳиран ишорае ба Ӯзбакистон мебошад. Дар Осиёи Марказӣ, ки яке аз хушктарин гӯшаи курраи Замин аст, Ӯзбакистону Қазоқистону Туркманистон метарсанд, ки бунёди нерӯгоҳҳои азими оби барқӣ дар Тоҷикистону Қирғизистон сабаби камобӣ дар қаламравҳои онҳо мешавад. Тарсе, ки ба гуфтаи Ҳамроҳхон Зарифӣ асосе надорад.
XS
SM
MD
LG