Пайвандҳои дастрасӣ

Таркиши бомб дар як бозори Бағдод


Бар асари таркиши бомб дар як бозори шаҳри Бағдод, дасти кам чаҳор ҳалок ва 14 тани дигар маҷрӯҳ шудаанд. Пулиси Ироқ гуфт, таркиш дар маҳаллаи ҷанубии Дора ба вуқӯъ пайвастааст, ки маҳалли умдатан суннинишин аст ва танишҳои мазҳабӣ дар он ҳамчунон боло боқӣ мемонад. Айни замон, ҳукумати Ироқ хабар дод, ки ҳалокати мардуми мулкӣ дар кишвар дар моҳи май то ҳадде коҳиш ёфтааст, ки аз замони ҳамлаи Амрико дар соли 2003 то кунун мушоҳида нашуда буд.
XS
SM
MD
LG