Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Арманистон мунтазири натиҷаҳои интихобот


Мақомоти интихоботии Арманистон мегӯянд, ҳизби ҳокими кишвар бо касби 46 дар сади раъйи мардум дар интихоботи маҷлиси шаҳрии Ереван пирӯз омадааст. Гагик Белгариён - раҳбари феълии Ҳизби Ҷумҳурихоҳи Арманистон дар интихоботи рӯзи якшанбе 40 сади раъйҳоро ба даст овард ва ҳамингуна дар мақомаш монд. Бар асоси натиҷаҳои тақрибан ниҳоии интихобот, Арманистони Дурахшон - ҳизби дигари узви эътилофи ҳукмрон, 22 дар сад раъйи мардумро аз они худ кардааст. Шӯрои Миллии Арманистон ба раҳбарии Левон Тер-Петросиён – раиси ҷумҳури собиқ ва мухолифи ҳукумат бо касби 17 дар сади раъйҳо мақоми севвумро соҳиб шуда. Дар интихоботи маҷлисҳои маҳалии Арманистон 53 дар сади афроди бархурдор аз ҳаққи раъй ширкат варзидаанд.
XS
SM
MD
LG