Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

1 июн ҳанӯз дар соли 1925 дар анҷумани ҷаҳонии вазъи кӯдак дар Женеваи Швейтсария ба ҳайси Рӯзи кӯдак муқаррар шуда буд.

Аммо 1 июн ба сифати Рӯзи кӯдак бештар дар кишварҳои коммунистии собиқ таҷлил мешавад ва кишварҳои дигар аслан рӯзи 20 ноябр, яъне таърихи тасвиб шудани эъломияи ҳуқуқи кӯдак ва паймони байналмилалии ҳуқуқи кӯдакро, ки Рӯзи умумии кӯдакон эълон шудааст, таҷлил мекунанд.

Дар ҳар сурат, хоҳ 1 июн ва хоҳ 20 ноябр, ин рӯзҳои расмӣ фақат як баҳонаи дигаранд барои бори дигар баргаштан ба масъалаи вазъи ҳуқуқи кӯдак дар кишварҳои ҷаҳон, ба хусус дар кишварҳои фақире, чун Тоҷикистон.

Маълум аст, ки тақрибан нисфе аз 7 миллион аҳолии Тоҷикистонро кӯдакон ва наврасони зери синни балоғат ташкил медиҳанд. Ҳазорон нафар аз ин атфол аз овони кӯдакӣ, ки овони “ чун гул ба чаман сар кашидани онҳост,” кашидани бори аробаи зиндагии хонаводаҳои худро бар дӯш мегиранд, ҳазорони дигар аз шароити шоистаи зиндагӣ ва таълиму тарбия маҳрум бо умеди як қути лоямут дар кӯчаву хиёбон рӯзи худро шаб ва бархе ҳамин тавр, шаби худро низ дар кӯчаву хиёбон рӯз мекунанд.

Пиромуни вазъи ҳуқуқи кӯдак дар Тоҷикистон гуфтугӯе доштем бо Ҷовид Ҷӯраев, коршиноси тоҷик ва корманди созмони байналмилалии “Наҷоти кӯдакон”. Барои шунидани ин сӯҳбат тугмаи "Бишнавед"-ро дар боло аз тарафи рост зер кунед.

XS
SM
MD
LG