Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигаронии Салиби Сурх аз вазъи мардум дар Свот


Кумитаи Салиби Сурхи Байналмилалӣ дар бораи вазъи мардуми осоишта дар водии ҷангзадаи Свот, саҳнаи аслии рӯёрӯӣ байни нирӯҳои давлат ва ҷангиёни толиб дар шимолу ғарби Покистон, “изҳори нигаронии амиқ” кард. Мақомоти Салиби Сурх ба дунболи боздид аз минтақа дар бораи адами оби ошомиданиву нирӯи барқ ва камбуди ғизову хадамоти тиббӣ дар Свот хабар додаанд. Амалиёти артиши Покистон алайҳи Толибон дар ин минтақа то имрӯз ҳудуди 2,5 миллион нафарро беҷо кардааст. Артиши Покистон мегӯяд, пирӯзӣ бар ҷангиён дар Свот наздик буда, амалиёти онҳо то 2-3 рӯзи дигар анҷом хоҳад ёфт. Мақомоти низомии Покистон ҳамчунин хабар додаанд, ки дар як даргирии дигар дар вилояти Вазиристони ҷанубӣ, дар наздикии марз бо Афғонистон, 25 ҷангӣ ва 7 сарбози артиши ин кишвар кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG