Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳизби Кокойтӣ дар Осетияи ҷанубӣ баранда аст


Дар интихоботи парлумонии ҷумҳурии ҷудоиталаби Осетияи ҷанубӣ, тавре ба назар мерасад, ҳизби ваҳдати раҳбари ин минтақа Эдуард Кокойтӣ баранда мешавад. Мақомоти интихоботӣ бар асоси шумориши тақрибан ҳамаи оро эълон карданд, ки ҳизби ваҳдат ба 45 дарсади оро даст ёфта, ҳизби коммунист 23 фоиз ва ҳизби мардумӣ 22 дарсади ҳимояти мардумро ба даст овардаанд. Гурҷистон интихоботи дирӯзаи Осетияи ҷанубиро ғайриқонунӣ ва қалбакӣ хондааст.
XS
SM
MD
LG