Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Покистон мегӯяд, пирӯзӣ дар Свот наздик аст


Задухӯрди сангини шаби шанбе ба якшанбе дар сарзаминҳои қабиланишин ва ҳаммарз бо Афғонистони Вазиристони ҷанубӣ, ки 8 соат идома кард, ба гуфтаи мақомоти Покистон, дастикам 40 ҷангӣ ва 4 сарбози давлатро кушта ба ҷо гузошт. Ин иддаои Исломобод аз ҷониби манобеъи мустақил то ҳол тасдиқ ва ё радд нашудааст. Аммо даргирии ахир дар Вазиристони ҷанубӣ дар ҳоле сурат гирифт, ки артиши Покистон мегӯяд, дар набард алайҳи ҷангиёни толиб дар водии ҷангзадаи Свот дастболо шудааст. Сухангӯи артиши Покистон Саид Атҳар Алӣ гуфтааст, амалиёти алайҳи Толибон дар водии Свот дар 2 ё 3 рӯзи оянда ба анҷом хоҳад расид.Ба гуфтаи ӯ, дар Свот танҳо аз 5 то 10 дарсади кор боқӣ монда, ки ба зудӣ анҷом хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG