Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кашфи бомби худсохт дар ҳавопаймои Эрон


Матбуоти Эрон мегӯяд, мақомоти амниятии ин кишвар дар дохили ҳавопаймое, ки дар як масири дохилӣ парвоз мекард, як бомби худсохт кашф кардаанд. Бино ба хабарҳо, бомб чанд лаҳза баъди аз фурудгоҳи Аҳвоз дар ҷануби Эрон ба қасди пойтахти кишвар, шаҳри Теҳрон, ба парвоз хестани ҳавопаймо дар ҳоҷатхонааш кашф шудааст. Ҳавопаймои ширкати Кеш Эйр, ки 131 мусофир дошт, билофосила ба фурӯдгоҳи Аҳвоз баргашт ва ба навиштаи Форснюс, бомбро дар онҷо хунсо кардаанд. Хабаргузории расмии ИРНО ин бомбгузориро “сӯъиқасд” номида, гуфтааст, дастандаркоронаш боздошт шудаанд. Рӯзи панҷшанбе бар асари як бомбгузорӣ дар масҷиди шиъаҳо дар шаҳри Зоҳидон 25 нафар кушта ва беш аз 120 тани дигар захмӣ шуданд. Ин ду ҳамла дар ҳолест, ки то интихоботи раёсатҷумҳурии Эрон камтар аз ду ҳафтаи дигар боқӣ мондаанд.
XS
SM
MD
LG