Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Машқҳои НАТО дар Гурҷистон имрӯз поён меёбад


Имрӯз машқҳои муштараки низомии паймони НАТО дар Гурҷистон ба анҷом мерасанд. Ин машқҳои густарда 25 рӯз идома ёфта, ҳудуди 1100 сарбоз аз 10 кишвари узви ин эътилофи низомиро фаро гирифт. Русия, ки соли гузашта бо Гурҷистон бар сари вилоятҳои ҷудоиталаби Абхозистону Осетияи ҷанубӣ вориди як ҷанги кӯтоҳ шуда буд, машқҳои НАТО дар Гурҷистонро “иғвобарангез” ба қалам дод ва дар посух эълон кард, ки дар моҳи оянда дар наздикии марзҳои Гурҷистон низ машқи низомӣ барпо мекунад.
XS
SM
MD
LG