Пайвандҳои дастрасӣ

Комёбии ҳизби Кокойтӣ дар интихобот


Дар интихоботи парлумонии ҷумҳурии ҷудоиталаби Осетияи ҷанубӣ, тавре ба назар мерасад, ҳизби ваҳдати раҳбари ин минтақа Эдуард Кокойтӣ баранда мешавад. Мақомоти интихоботӣ бар асоси шумориши беш аз нисфи орои интихоботи дирӯза эълон карданд, ки ҳизби ваҳдат ба тақрибан 48 дарсади оро даст ёфтааст. Ҳизби коммунист феълан 23 фоиз ва ҳизби мардумӣ 18 дарсади ороро ба даст овардаанд. Гурҷистон интихоботи рӯзи якшанбе дар Осетияи ҷанубиро ғайриқонунӣ ва қалбакӣ хондааст. Дар пайи ҷанги кӯтоҳи моҳи августи соли гузашта Русия ва Никарагуа истиқлолияти Осетияи ҷанубӣ ва Абхозистон, ду вилояти ҷудоиталаби Гурҷистонро ба расмият шинохтанд.
XS
SM
MD
LG