Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пуштибонии аҳзоби ҳазораҳову узбакҳо аз Карзай


Ду гурӯҳи умдаи мухолифини афғон тааҳҳуд супурдаанд, ки дар интихоботи моҳи августи раёсатҷумҳурии Афғонистон аз номзадии раисиҷумҳури кунунӣ Ҳомиди Карзай пуштибонӣ хоҳанд кард. Муҳаммад Муҳаққиқ, раҳбари ҳизби ваҳдат ва намояндаи ҳазораҳо, ба хабаргузории Ройтерс гуфт, ки ӯ рӯзи шанбе, баъд аз чанд ҳафтаи музокирот пиромуни роҳҳои тақсими қудрат дар ҳукумати оянда ба чунин натиҷа расидааст. Саид Нуруллоҳ, раҳбари шӯрои марказии Ҷунбиши миллӣ, ки генерали узбак Абдулрашиди Дустум таъсисаш дода буд, низ эълон карда, ки ҳизби ӯ аз давлати феълӣ ҳимоят мекунад. Ин ду эълон баёнгари шикофи ҷиддӣ дар суфуфи Ҷабҳаи миллӣ, бузургтарин ташаккули мухолифини афғон аст, ки ҳизби ваҳдат ва ҷунбиши миллӣ аъзои муҳимаш буданд.
XS
SM
MD
LG