Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

35 миллион доллар ваъдаи кӯмаки СММ ба Тоҷикистон


Барномаи рушд ва Бунёди нуфусшумории СММ дар ҷаласаи солонаи худ дар Ню-Йорк тарҳи нави кӯмакҳо ба Тоҷикистонро тасвиб карданд. Ин барнома то соли 2015-ро дар бар гирифта, ихтисоси беш аз 35 миллион доллар барои иҷрои барномаҳое, чун мубориза бо фақр ва рушди демократия дар Тоҷикистонро дар назар гирифтааст. Бино ба оморҳо, беш аз нисфи аҳолии Тоҷикистон феълан дар зери хатти фақр ба сар мебарад ва бӯҳрони иқтисодӣ метавонад шумори афроди камбизоатро дар ин кишвар боз ҳам биафзояд.
XS
SM
MD
LG