Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Май - камқурбонитарин моҳ дар Ироқи ҷангзада


Омори расмии давлати Ироқ мегӯяд, шумори қурбониҳо бар асари хушунатҳо дар ин кишвари ҷангзада дар моҳи май башиддат коҳиш ёфта, моҳи гузашта аз лиҳози хисороти ҷонӣ камқурбонитарин моҳ аз оғози ҷанги таҳти раҳбарии Амрико дар Ироқ дар моҳи марти соли 2003 будааст. Бино ба гузориши хабаргузории Франс Пресс, омори муштаракан гирдовардаи вазоратхонаҳои дифоъ, умури дохилӣ ва беҳдошти Ироқ ҳокист, ки дар моҳи май бар асари ҳамалот дар ин кишвар 124 нафари ғайринизомӣ, 6 сарбоз ва 25 маъмури пулис кушта шудаанд, ки назар ба моҳи апрел беш аз 2 маротиба камтар аст. Нашри ин омор дар ҳолест, ки масъулияти таъмини амният дар вилоёти Ироқ бояд то поёни моҳи июн аз нирӯҳои Амрико пурра ба нирӯҳои ироқӣ таҳвил биёбад.
XS
SM
MD
LG