Пайвандҳои дастрасӣ

Тифлис интихоботи Осетияи Ҷанубиро ҷиддӣ нагирифт


Дар Осетияи ҷанубӣ интихоботи парлумонӣ баргузор шуд. Ба иттилоъи Комиссиюни марказии интихобот, беш аз 70 дар сади афроди соҳиби ҳаққи раъй пойи қуттиҳои овоздиҳӣ омаданд. Гуфта мешавад, ки дар ҷараёни раъйдиҳӣ ягон қонуншиканӣ сурат нагирифтааст ва аммо қаблан чанд сиёсатмадори мухолиф аз имкони ширкат дар ин маърака, ки бори аввал баъди эътирофи ҷумҳурӣ аз сӯи Русия сурат гирифтааст, маҳрум шуда буданд. Мақомоти Гурҷистон интихоботи парлумонӣ дар ин ҷумҳурии ҷудоихоҳро чун “як амали ғайриҷиддӣ” арзёбӣ намуданд.
XS
SM
MD
LG