Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Латукӯби се хабарнигори мухолиф дар Ереван


Дар Ереван, пойтахти Арманистон, ки имрӯз интихоботи мири шаҳр мегузарад, се хабарнигори расонаҳои оппозитсионӣ мавриди латукӯб қарор гирифтанд. Ба иттилоъи Конгресси миллии Арманистон, муҳофизони вакили парлумон Левон Саргсян хабарнигорони нашрияҳои “Четвертая власть”, “Айк” и “Жаманак Ереван”-ро аз қитъаи интихоботӣ берун карда онҳоро ба лату кӯб кашиданд. Сабаби бадрафтории муҳофизон ҳанӯз маълум нест.
Барои курсии мири шаҳри Ереван раисиҷумҳури пешин ва намояндаи Конгресси миллии Арманистон Левон Тер-Петросян ва шаҳрдори феълии пойтахт, намояндаи ҳизби ҳукмрони ҷумҳурихоҳон Гагик Бегларян талош меварзанд. Барои нахустин бор баъд аз дарёфти истиқлол аз сӯи Арманистон дар соли 1991 шаҳрдори Ереван аз тариқи раъйдиҳӣ интихоб мешавад. Аз ин пеш мири Ереванро раисиҷумҳури Арманистон таъин мекард.
XS
SM
MD
LG