Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешниҳодҳои нави раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон


Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон пешниҳод кард, ки соли 2011 Соли байнулмилалии мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир эълон шавад. Зимни суханронӣ дар нишасти ботантана ба шарафи 10-умин солгарди таъсиси Оҷонси назорат бар гардиши маводи мухадир, сарвари Тоҷикистон ба зарурати таҳияи Барномаи ягонаи мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор таҳти сарпарастии СММ ва баргузории конфаронси байнулмилалӣ дар ин мавзӯъ ишора кард. Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ки шаҳри Душанбе метавонад мизбонии ин конфаронсро бар дӯш бигирад.
XS
SM
MD
LG