Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Задухурди шадид дар Вазиристони ҷанубӣ


Дар минтақаи Вазиристони ҷанубии Покистон, дар наздикиҳои марз бо Афғонистон, миёни нерӯҳои ҳукуматӣ ва мусаллаҳони ҷунбиши “Толибон” задухурди шадид ба вуқӯъ пайваст. Ба иттилоъи вазорати дифоъи Покистон, дар ин даргирӣ 40 тан аз толибон ва чаҳор сарбози ҳукуматӣ кушта шуданд. Ва аммо ин иттилоъ ҳанӯз аз сӯи манбаъҳои мустақил тасдиқ нашудааст.Ба иттилоъи хабаргузориҳо, толибон ба як пойгоҳи нерӯҳои ҳукуматии мустақар дар Вазиристони ҷанубӣ ҳамла карданд ва задухурд тақрибан 8 соат идома дошт.
Дар водии Свот, воқеъ дар шимолу ғарби Покистон, амалиёти низомии ҳукумат барои аз байн бурдани гурӯҳҳои “Толибон” дар арафаи анҷомёбист. Ҳайати фармондеҳии артиш эълом дошт, ки шаҳри Мингора, маркази водии Свот, таҳти назорати комили нерӯҳои ҳукуматӣ қарор гирифтааст. Амалиёти густардаи низомӣ алайҳи шӯришиён дар Свот як моҳ қабл баъди он шурӯъ шуд, ки толибон талош карданд манотиқи таҳти нуфузи худро густариш диҳанд.
XS
SM
MD
LG