Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти вазири тиҷорат дар фурудгоҳи Бағдод


Дар фурудгоҳи шаҳри Бағдод собиқ вазири тиҷорати Ироқ Абдул Фалаҳ Ал-Судонӣ боздошт шуд, ки мақомот ӯро дар фасоди молӣ муттаҳам мекунанд. Ба иттилоъи хабаргузориҳо, вазири тиҷорат тавонист ба ҳавопаймое нишинад, ки аз Бағдод сӯи Дубай парвоз мекард ва аммо халабонҳои ҳавопаймо амр гирифтанд, ки ба фурудгоҳи пойтахт баргарданд.
Абдул Фалаҳ Ал-Судонӣ рӯзи душанбе, баъди аз сӯи як комиссиюни парлумонӣ ошкор шудани далелҳои фасод дар вазорати тиҷорат, аз мақоми худ истеъфо дода буд. Аз оғози сол бар асари маъракаи густардаи мубориза бо фасод дар ниҳодҳои ҳукуматии Ироқ садҳо нафар дастгир шуданд.
XS
SM
MD
LG