Пайвандҳои дастрасӣ

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, дар рӯзи ҷамъбастии музокироти сегонаи Иттиҳоди Урупо ва кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Душанбе ширкат ва суханронӣ кардааст.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон зимни суханронӣ таъкид кард, ки ҷиҳати рафъи мушкилоти об дар минтақаи Осиёи Марказӣ ба гуфтугӯи рӯ ба рӯ ва бе иштироки миёнаравҳо омода аст. Оқои Раҳмон гуфтааст, ки масъалаи баҳрабардорь аз захоири обу энержии Осиёи Марказиро нашояд тобиши сиёсӣ дод. Зеро эҳдоси нерӯгоҳҳои барқи обӣ ва захирасозии об барои тавлиди нерӯи барқи арзон ва бидуни зиён бар манфиати ҳамаи кишварҳои ин минтқа аст.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон зимни суханронии худ дар назди намояндагони Иттиҳодияи Аврупо ва вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ гуфт, итминон дорад, ки мушкилоти оби минтақа бидуни миёнарав ва аз тариқи гуфтугӯ ҳал хоҳад шуд. Раисиҷумҳури Тоҷикистон бо такрори ин нукта, ки барномаҳои энержии Тоҷикистон бар зидди манофеи ҳеҷ кишвари дигар равона нашудааст аз намояндагони Иттиҳодияи Аврупо даъват кард, ки барои истифода ва баҳрабардории муштараки захоири оби минтақа мусоидат кунанд.

Президент Раҳмон гуфт, дар соли равон дар обанборҳои Тоҷикистон миқдори зиёди об захира шудааст ва Тоҷикистон дархости кишварҳои ҳамсояро барои интиқоли он интизор аст. Дар баробари ин вай таъкид кард, ки кишвараш аз захоири фаровони нафту газ ва заминҳои кишт, ки битавонад барои ҷамъияти он ҷои кор фароҳам кунад, маҳрум аст. Аз ин рӯ анҷоми ҳарчи зудтари тарҳҳои энержии давлат илоҷи ягона дар роҳи тараққиёти иқтисодии ин кишвар ва дар маҷмӯъ рушди Тоҷикистон хоҳад буд.

Ҳайати аврупоӣ ва вазирони хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар анҷоми мулоқот бо раисиҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи муштарак доир карданд. Ба намояндагӣ аз ин нишаст Ҳамрохон Зарифӣ - вазири хориҷаи Тоҷикистон Ян Коугут - муовини сарвазир ва вазири хориҷаи Чех ва Пер Морел -намояндаи Иттиҳодияи Аврупо дар Осиёи Марказӣ гузориш доданд.

Ян Коугут - вазири корҳоии хориҷаи Ҷумҳурии Чех зимни суханронии худ изҳор кард, ки Иттиҳодияи Аврупо масоил ва мушкилоти оби Осиёи Марказӣ ва ихтилофу низоъҳои кишварҳои минтақа дар ин заминаро дар дасти баррасӣ қарор додааст. Аммо аз он, ки мушкилоти мушобеҳ дар кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо қаблан вуҷуд дошт, ҳамакнун метавон аз он таҷрибаҳо истифода кард. Вазири корҳоии хориҷаи Ҷумҳурии Чех мегӯяд, ”Иттиҳодияи Аврупо омода аст, аснодеро дар иртибот ба ин масоил омода ва барои баррасӣ ва таҳияи он мусоидат кунад”.

Ҳамрохон Зарифӣ, вазири умури хориҷии Тоҷикистон, ба ҳайси мизбон аз натоиҷи гуфтугӯи ҳайати Иттиҳодияи Аврупо ва кишварҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Душанбе изҳори қаноатмандӣ кард. Оқои Зарифӣ гуфт, ки ҳама масоили мавриди назари Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои минтақа дар ин гуфтугӯ мавриди арзёбӣ қарор гирифтааст. Аммо на намояндагони ҳайати аврупоӣ ва на масъулони сиёсати хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳозир нашуданд дар посух ба саволи сарнавишти майдонҳои минкоришуда дар марзи миёни Тоҷикистон ва Узбакистон аз сӯи Узбакистон посухи рӯшан диҳанд.

Аз тарафи дигар ин нукта таъкид шуд, ки сохтмони нерӯгоҳҳо дар Тоҷикистон барои кишварҳои минтақа ҳеҷ хатар ва зиён надорад, аммо мавзеъгирии кишварҳои ҳамсояи Тоҷикистон, махсусан Узбакистон, ин мавзӯъро доғ кардааст. Ислом Каримов, раисиҷумҳурии Узбакистон, дар нишасти баррасии мавзӯи Арал дар Қазоқистон чанде пештар гуфт, ки бояд ин масъала дар худи минтақа ҳал шавад. Чаро ки тобиши сиёсӣ бахшидан ба он аз берун зиёд мушоҳида мешавад. Ва ҳамин ҳоло ки раисиҷумҳурии Тоҷикистон бо итминон аз ҳалли миёни худии ин мавзӯъ ва бо дархости гуфтугӯи мустақиму бидуни миёнарав сӯҳбат мекунад, коршиносон нишонаҳои наздикшавии мавқеъҳоро таъкид мекунанд.
XS
SM
MD
LG